Рӯзи 27-уми августи соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов хонум Лайлӣ Мошириро ба муносибати ба итмом расидани фаъолияти корияш ба ҳайси Роҳбари Намояндагии Хазинаи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот хонум Лайлӣ Моширӣ Вазирро бо дастовардҳои Намояндагӣ ва ҳадафҳои ояндаи он шинос кард.
Гуфта мешавад, дар навбати худ Вазири корҳои хориҷӣ аз фаъолияти хонум Моширӣ ва саҳми ӯ, инчунин мусоидати Хазинаи Кӯдакони СММ ба Ҳукумати кишвар дар таъмини ҳимоя ва кӯмак ба кӯдакон дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард ва дар фаъолияти минбаъдаи мавсуф муваффақият орзу намуд.



