Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар Душанбе

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид чанде қабл бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил мулоқот орост. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бо таваҷҷуҳ ба фаъолсозии ҳамкории тиҷоратии доираҳои соҳибкорони ҳарду кишвар баррасӣ шуд. Раиси ПСС […]

Аваз Юлдошев



Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид чанде қабл бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил мулоқот орост.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бо таваҷҷуҳ ба фаъолсозии ҳамкории тиҷоратии доираҳои соҳибкорони ҳарду кишвар баррасӣ шуд.

Раиси ПСС Тоҷикистон имконоти густардаи густариши ҳамкориҳо дар бахши бунёди зербино, тавсеъаи робитаҳо дар бахшҳои савдо, соҳаи бонкдорӣ ва молия, саноати нафту кимиё, энергетика, сохтмон, нақлиёту коммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, сохтмони лӯлаҳои интиқоли нафту газ, индустрияи сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ ва сайёҳиро таъкид намуд.

Дар навбати худ Бандар Муҳаммад Ҷамил ҷиҳати андешидани тадбирҳо баҳри фаъолсозии робитаҳои тиҷоратӣ, қабл аз ҳама оид ба табодули сафари ҳайатҳои тоҷирону соҳибкорони ҳарду кишвар, роҳандозии дастрасии маълумоти дуҷониба оид ба ин масъала ва ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳои муштарак омодагӣ изҳор кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.