Э.Раҳмон ба 7 намояндаи сохторҳои қудратӣ унвони генералӣ дод



Ба истиқболи солгарди 23-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар вазъи тантанавӣ ба 7 намояндаи раҳбарияти сохторҳои қудратии кишвар, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ Тоҷикистон унвонҳои генералӣ тақдим намуд. Аммо дар маълумоти хадамоти матбуоти президент ному насаби ин генералҳои нав зикр наёфтааст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, шумораи зиёди афсарону сарбозони сохторҳои қудратӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳокимияти судӣ бо орденҳои Спитамен дараҷаи 2 ва Шараф дараҷаи 2, медалҳои Ҷасорат, Хизмати шоиста, ва Шафқат, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадр карда шуданд.

Дар оғози маросими мукофотсупорӣ се нафар – Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе Ғайбулло Каримов, Раиси ҷамоати Мурғоби ноҳияи Мурғоб Ҷамила Кенҷақулова ва сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзамшо Шарифӣ бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонда шуданд.

Хизматҳои арзандаи гурӯҳи калоне аз кормандону роҳбарияти мақомоти давлатию ҷамъиятии соҳаҳои сохтмон, энергетика, саноат, кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони илму маориф бо ордени Шараф дараҷаи 2 қадр карда шуда, маҷмӯи аз ин зиёди намояндагони соҳаҳои гуногуни ҷомеаи кишвар бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонда шуданд.

Ба унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон шоирони маъруфи ҷумҳурӣ Низом Қосим пури Ҷаҳонгир, Аҳмадҷон Раҳматзод ва Назрулло Раҳматуллоев маъруф бо тахаллуси Назри Яздон сазовор дониста шуданд.

Ҳунарпешагони шинохтаи кишвар Сабоҳатхон Қосимова ва Абдусалом Раҳимзода бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Мунаввара Додохоева, Раҳимзода Маҳмад Забир ва Умар Тоиров сазовори унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон эълон гардиданд.

Ҳунарпешаи фалаксаро Нурулло Баротов ва ҳунарпешаи маъруфи театри русии ба номи Маяковский Фирӯза Раҳмонова ба унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.

Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ба доктори илмҳои филологӣ Атахон Сайфуллоев ва шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ ва дар соҳаи меъморӣ ба доктори илмҳои меъморӣ Рустам Муқимов дода шуд.

12 нафар аз роҳбарият ва кормандони мақомоти давлатию ҷамъиятӣ аз соҳаҳои гуногуни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки хизматҳои шоёни таҳсин анҷом додаанд, бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное