Вохӯриҳои намояндагони Колеггияи ҳарбии Суди олӣ дар гарнизонҳои ҳарбӣ

Дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки масъулини Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати мудофиа ва бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баҳри пешгирӣ аз сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ дар яке аз қисмҳои низомии гарнизони Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар вохӯрии масъулини Коллегияи ҳарбии суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таълимгирандагони […]

ASIA-Plus



Дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки масъулини Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати мудофиа ва бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баҳри пешгирӣ аз сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ дар яке аз қисмҳои низомии гарнизони Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар вохӯрии масъулини Коллегияи ҳарбии суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таълимгирандагони Мактаби прапоршикон ва афсарону сарбозони қисми низомии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа, вобаста ба таҷлили ҷашнҳои сатҳи давлатии дар пеш истода ва дигар масъалаҳое, ки ба фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ мансуб аст, ибрози назар карда шуд. Зимни баргузории чорабинӣ, масъулини соҳа вобаста ба дастовардҳои давлату ҳукумати кишвар сухан гуфта, изҳор доштанд, ки тинҷиву осудагӣ ва пойдории сохти конститутсионии кишвари азиз натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи суханрониҳо масъулини соҳа таваҷҷӯҳи ҳозиринро доир ба пешгирӣ аз амалҳои ғайриоинномавӣ ҷалб карда, риояи интизоми намунавиро дар рафти хизмати ҳарбӣ омили асосии пешрафти қисми низомӣ арзёбӣ намуданд. Илова бар ин, қайд карда шуд, ки рӯз то рӯз сатҳи хизмат дар сафи Артиши миллӣ хубтар гашта, барои беҳбуд бахшидан ба ин раванд аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад, то ҳар як хизматчии низомӣ софдилонаю содиқона ба халқу диёри хеш хизмат намояд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси нақша чорабиниҳои таҳияшудаи мақомотҳои дахлдори кишвар бо Вазорати мудофиаи мамлакат чунин вохӯриву мулоқотҳои судбахш дар арафаи ҷашнҳои миллию сиёсӣ бо хизматчиёни низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар минбаъд низ гузаронида хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.