Созиши Тоҷикистону Қирғизистон аз рӯи як қатор масоили муносибатҳои дуҷониба

Рӯзи 28-уми август аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи 13-уми комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои дуҷониба протокол ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар протокол зикр гардидааст, ки сарфи назар аз кори иҷрошуда дар ин давра, чанде аз бандҳои ҷаласаи 12-уми комиссия пурра иҷро нашудаанд ва аз ин рӯ, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 28-уми август аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи 13-уми комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои дуҷониба протокол ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар протокол зикр гардидааст, ки сарфи назар аз кори иҷрошуда дар ин давра, чанде аз бандҳои ҷаласаи 12-уми комиссия пурра иҷро нашудаанд ва аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдори ҳарду ҷониб ҷиҳати анҷоми ин корҳо дастуру супориш дода шуд.

Дар протокол оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати муҳайё кардани шароити мусоид барои сармоягузории муштарак ва рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, табодули маълумот миёни Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳо, мусоидат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ҷиҳати таъсис корхонаҳои муштарак ва имзои қарордодҳо, густариши ҳамкориҳо миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Истгоҳҳи барқӣ» ва «НЭС Қирғизистон», баррасии имкони дар соли 2015 таъмин кардани транзити барқи Тоҷикистон ба Қазоқистон тариқи шабакаҳои барқи Қирғизистон, мувофиқасозии корҳо оид ба амалисозии лоиҳаи «CASA-1000», идомаи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба баррасӣ ва ҳалли масоили истифодаи захираҳои обӣ, муайян кардани иншоотҳои мавҷудаи Қирғизистон дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Қирғизистон, таъмини транзити бору мусофирон барои ҳарду ҷониб, аз ҷумла ташкили хатсайри мусофирбари автомобилии Хуҷанд-Ӯш ва Ӯш-Хуҷанд ва ғайра ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳову пешниҳод ва дастуру супоришҳо дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ба корҳои имзои протоколи тағйироту илова  ба созишнома аз моҳи майи соли 2004 миёни кишварҳо дар бораи гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла ба гузаргоҳи «Қарамик» додани мақоми байнулмилалӣ  суръат бахшида шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар манотиқи наздимарзӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории муштарак, роҳандозии таҳсили донишҷӯёни ҳарду кишвар дар макотиби олӣ ва миёнаи касбии ҳарду ҷониб, ҳамкориҳо дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, кор бо ҷавонону сайёҳӣ, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон соли 2015 ва Қирғизистон дар Тоҷикистон соли 2016, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ байни вилоятҳо, тезонидани корҳо оид ба мувофиқасозии лоиҳаҳои дуҷонибаи қарордодҳои байнулмтлалии мавриди таҳия қарордошта низ ба созиш расиданд.

Комиссия тасмим гирифт, ки ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои дуҷониба дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.