Афзоиши назарраси бақияи қарзҳо дар бонкҳои Тоҷикистон

Тибқи маълумоти омори бонкӣ, дар моҳи июли соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32,1 фоиз зиёд шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, ба аввали моҳи августи соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо беш аз 8,8 млрд. сомонӣ (ҳудуди 1,8 млрд. $)-ро ташкил намудааст. Ба иттилои манбаъ, […]

ASIA-Plus



Тибқи маълумоти омори бонкӣ, дар моҳи июли соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32,1 фоиз зиёд шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, ба аввали моҳи августи соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо беш аз 8,8 млрд. сомонӣ (ҳудуди 1,8 млрд. $)-ро ташкил намудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, зиёда аз 3,8 млрд. сомониро ташкил дода, ҳиссаи он дар бақияи умумии қарзҳо назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 фоиз зиёд гаштааст.

Дар маълумоти БМТ таъкид мешавад, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда низ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,1 фоиз афзудааст. Аз ин маблағ 657,2 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,0 фоиз зиёд мебошад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.