Анонс
– 30
август
шурӯъ аз соати 7-и субҳ аз рӯи зарурат ҳаракати нақлиёт дар як қатор роҳҳои пойтахт маҳдуд карда мешавад. Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад;
– 30 август
дар Душанбе Иди асал ва харбуза доир мегардад. Ин чорабинӣ аз соати 7-и субҳ то 18-и шомгоҳон дар бозорҳои нисбатан бузурги маҳсулоти ғизойии пойтахт – «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи боло» ва «Деҳқон» баргузор мешавад;
– 30 август
дар тарабхонаи Delhi Darbar барои кӯдакон аксияи хайрияи «Иди ширинӣ» баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ соати 09-00;
– 30 август
дар боғи ботанкии «Боғи Ирам»-и пойтахт фестивали «Рангоранг-2014» доир мегардад. Ин чорабинӣ аз ҷониби ихтиёриёни сафоратхонаи Бритониё ва VSO дар Тоҷикистион созмон дода шуда. ба рушди сайёҳӣ нигаронида шудааст. Фестивал аз соати 08-00 то 18-00 давом мекунад;
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.9705
сомонӣ;
1
евро –
6.5562
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.13
49
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
30 Август
1996
– Дар корхонаи гидрометаллургии Исфара коргоҳи истеҳсоли сурмаи металлӣ ба кор даромад.
2003
– Дар Душанбе Ҳамоиши байнулмилалии оби тоза «Об, муҳити зист ва амният» ба кор шурӯъ кард.
2007
— Тоҷикистон бо Парагвай муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ намуд.
2009
— Дар Тоҷикистон бо иштироки президенти мамлакат нақби «Шар-Шар» ба истифода дода шуд.
2010
— Нашри газетаи ҳамарӯзаи «ИмрӯзNews» дар Тоҷикистон оғоз гардид.
2010
— Нашри ҳафтавори ҷамъиятиву сиёсии «Азия-Плюс» ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монда шуд.
2011
— Дар Душанбе Парчами ҶТ дар пояи баландтарин дар ҷаҳон барафрохта шуд, ки ба Китоби рекордҳои Гиннес номнавис шуд.
1951
– Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова.
1956
– Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов.
31 Август
1991 —
Дар иҷлосияи Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ивази номи ҶШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул шуд.
2011
— Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»–и пойтахт афсари хадамоти махсуси Русия, Владимири Кузнецов, подполковники 38-солаи гурӯҳи посбонони президенти Русия Дмитрий Медведев аз олам даргузашт.
2011
— Аз ҷониби афроди номаълум сардабири рӯзномаи мустақили «Фараж» мавриди лату кӯб қарор гирифт.
1930
– Зодрӯзи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Очилбой Усмонов.
1957-1999
— Мавлуди журналист Ҷумъахон Ҳотамӣ.
1964
– Зодрӯзи олим Ашӯралӣ Олимов.
Обуҳавои р
ӯ
зҳои 30-31-уми августи соли 2014
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +24+29.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +29+34.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +23+28; дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +10+15.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +37+39.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +26+28.



