Парвандаи адвокати Зайд Саидов ба суд ирсол шуд

Тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба итмом расид. Парванда нисбати адвокат Фахриддини Зокиров аввали ҳамин ҳафта ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид. Бузургмеҳр Ёров, адвокати Ф.Зокиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки баррасии парванда дар мурофиаи судӣ баъди 9-уми сентябр оғоз мегардад. Фахриддин Зокиров, яке […]

Мавзуна Абдуллоева



Тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба итмом расид. Парванда нисбати адвокат Фахриддини Зокиров аввали ҳамин ҳафта ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

Бузургмеҳр Ёров, адвокати Ф.Зокиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки баррасии парванда дар мурофиаи судӣ баъди 9-уми сентябр оғоз мегардад.

Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов, шоми рӯзи 7-уми марти соли 2014 аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ боздошт шуда буд.

Ӯ ба гирифтани қарзи бонкӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ

гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълуомти Агентӣ, Ф.Зокиров ва як ҳаммаслаки ӯ тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз як бонки ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА қарз гирифтаанд. Ба сифати кафолат барои дастрас кардани қарз, онҳо ба номи фирмаҳои вуҷуднадошта ҳуҷҷатҳо пешниҳод кардаанд. Аз қарзи дастрасшуда то имрӯз ба бонк нисфи маблағи гирифташуда баргардонида шудааст.

Нисбати Фахриддин Зокиров мутобиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.