Бонки тоҷикиcтонии «Кафолатбонк» бо сармояи Эрон дар рӯйхати бонкҳое зикр шудааст, ки Вашингтон онҳоро ба даст доштан дар рушди барномаи ҳастаии Эрон ё мусоидат кардан ба канорагирии Эрон аз таҳримҳои қаблан ҷоришуда мансуб медонад.
Бонк дар сомонаи Вазорати молияи ИМА дар номгӯи ширкатҳое дарҷ ёфтааст, ки ба рӯйхати таҳрим санаи 29-уми август илова шудаанд. Ба иттилои сомонаи мазкур, «Кафолатбонк» аз соли 2012 бештар ба Sarmayeh bank-и Эрон тааллуқ дорад.
Дар маълумот зикр мегардад, ки тибқи таҳримҳо, ба шаҳрвандони ИМА иштирок дар муомилот бо шахсон ва муассисаҳои дар рӯйхати таҳримҳо зикршуда манъ аст.
Дар ин рӯйхат ҳамчунин ширкатҳое ҷой доранд, ки ба ин ё он гунае бо мансабдорону тоҷирони эронӣ ё ширкатҳои фаъолиятдошта бо Эрон муносибат доранд. Масалан, ин бонки русиягии «Азия Банк» ва як қатор бонкҳо бо сармояи Эрон ва ҳамчунин як зумра мансабдорон ва тоҷирони Эрон мебошанд.
Ҳамзамон бо ҷорӣ намудани таҳримҳо намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА Кейтлин Хейден изҳор доштааст, ки Вашингтон ҷонибдори иҷрои нақшаи муштараки амал ва дарёфти ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти ҳастаии Эрон боқӣ мемонад.
Имрӯз ҶСП «Кафолатбонк» бо сармояи Эрон фаъолият дорад. Роҳбари он эронӣ Пайравдиннабӣ Амир Аҳмад (Pairovdinnabi Amir Ahmad) мебошад.
Чанд сол қабл бонк дар ҳоли муфлисшавӣ қарор дошт ва ба ташкилоти хурди қарздиҳӣ табдил ёфта, то замони фурӯши саҳмияҳояш ба бонки эронӣ ҳамин гуна ташкилот боқӣ монда буд. Пас аз ин «Кафолатбонк» боз ба рӯйхати бонкҳои Тоҷикистон шомил гардид.



