Иштироки сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи ду мактаби нав дар пойтахт

Дар арафи оғози соли нави хониш имрӯз бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду мактаби таҳсилоти умумии нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи мактаби №62 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзида, зимни суханронӣ дар ин маросим зикр кард, ки […]

ASIA-Plus



Дар арафи оғози соли нави хониш имрӯз бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду мактаби таҳсилоти умумии нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи мактаби №62 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзида, зимни суханронӣ дар ин маросим зикр кард, ки ин мактаб аз 30 синфхонаи муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир барои гузаронидани машғулиятҳои фаннӣ, маҷлисгоҳ, толори китобхонӣ ва ошхонаи барҳаво иборат буда, инчунин дорои синфхонаҳои алоҳида барои тарбияву ташаккули малакаи зебоипарастии наврасон мебошад ва дар ду баст 1280 нафар хонандаро фаро мегирад.

«Муасисаи таълимии имрӯза бо харҷи қариб 18 миллион сомонӣ бунёд гардида, боз як нишонаи равшани ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат дар самти тарбияи насли ояндасози миллат мебошад», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Сипас бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Шафақи кӯчаи Хуҷамбиёи Поёни шаҳри Душанбе мактаби нави замонавӣ барои 1400 хонанда дар 2 баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки зикр гардид, мактаб бо тарҳи зебои муосир бунёд ёфта, дорои 30 синфхона мебошад. 6 синфхонаи он барои дарсҳо аз фанҳои дақиқ бо дастгоҳу таҷҳизоти озмоишӣ муҷаҳҳаз шудааст. Мактаб 2 синфи компютерӣ барои омӯзиши асосҳои кор бо компютер ва 2 синфи лингафонӣ барои забонҳои хориҷӣ дорад.

Толори маҷлисии мактаб 308 ҷойи нишаст дошта, барои маърӯзаҳои умумӣ, маҷлисҳои корию тантанавӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст. Толори варзишӣ ғайр аз шароити стандартии машқу тамрин боз 118 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад. Ошхонаи мактаб дар таҳхона ҷойгир шуда, дорои 114 ҷойи нишаст мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.