«Файзи Расул» намудҳои нави маҳсулот пешкаш мекунад

Чандест, ки дар шаҳри Хуҷанд ва берун аз он маҳсулоти гӯштии ширкати «Файзи Расул» байни харидорон маҳбубият пайдо намудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ҳоло коргоҳ ният дорад бахшида ҷашни 20 солагии қабули сарқонуни кишвар ҳаҷми истеҳсоли худро зиёд намуда, барои харидорон намудҳои нави маҳсулоти хешро пешкаш созад. Бо ин  мақсад коргоҳ […]

ASIA-Plus



Чандест, ки дар шаҳри Хуҷанд ва берун аз он маҳсулоти гӯштии ширкати «Файзи Расул» байни харидорон маҳбубият пайдо намудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ҳоло коргоҳ ният дорад бахшида ҷашни 20 солагии қабули сарқонуни кишвар ҳаҷми истеҳсоли худро зиёд намуда, барои харидорон намудҳои нави маҳсулоти хешро пешкаш созад. Бо ин  мақсад коргоҳ таҷҳизоти нави коркард ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштиро харидорӣ намуда, корҳои васлу танзимро ба анҷом мерасонад.

Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти коргоҳи мазкур аз наздик ошно гардида, бо корҳои васлу танзими хатти нави истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ошно гардид.

Роҳбарияту мутахаасисони ширкати номбурда ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири таҷҳизоти нав ва иқтидору имконияти он маълумот дода зикр намуданд, ки ҳоло коргоҳ 28 намуди маҳсулоти гӯштиро ба харидорон пешкаш намуда, айни замон омодаи ба кор даровардани боз як хатти нави истеҳсоли ҳасибчаҳо тибқи стандартҳои аврупоӣ ҳастанд. Дар натиҷа номгӯи маҳсулоти ҳасибии ширкат ба 32 номгӯй расонда шуда, дар ин замина имконияти ташкили ҷойҳои нави корӣ пайдо хоҳад шуд.

 Ба фаъолият шурӯъ намудани хатти нави технологӣ имкон медиҳад,ки бозори дохилии вилояти Суғд ва кишвар аз маҳсулоти босифати ватанӣ таъмин гардад. То имрӯз ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар,-Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Канада ворид мегардид. Таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Белорус, Федератсияи Россия ва Олмон оварда шуда, сифати онҳо ҷавобгӯи талаботу меъёрҳои байналмиллалӣ аст.

 Лозим ба ёдоварист,ки ҳоло дар коргоҳи мазкур наздик 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин буда, иқтидори истеҳсолии коргоҳ  ба коркарди то 800 кг гӯштро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.