Бозори мардикорони Хуҷанд акнун расман амал мекунад

Date:



Дар маҳаллаи «Гулистон-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода «Биржаи меҳнат» барои кироякорон ба фаъолият оғоз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ин иншооти навбунед барои кироякорон тамоми шароит мухайё буда, барои сохтмони он 52 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

 «Ҳадаф аз бунёди ин иншоот бо сарпаноҳи доимӣ таъмин намудани кироякорон дар фасли гармову сармо аст. «Биржаи меҳнат» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуҳалимов бунёд ёфта, барои ҷой ва дигар шароитҳои мавҷуда маблағ ситонда намешавад», – омадааст дар хабари мақомоти шаҳрдории Хуҷанд.

Гуфта мешавад, раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми суханронии худ кайд кардааст, ки бо ҷойи корӣ таъмин намудани мардум яке аз вазифаи муҳими давлат ба хисоб меравад, аз ин хотир имсол дар шаҳр 1700 адад ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.

 Зимнан зикр мегардад, ки Раҷаббой Ахмадзода аз кироякорон даъват намуд, то маърифати шаҳрдориро риоя намуда, тартиботи ҷамъиятиро риоя кунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...