Бозори мардикорони Хуҷанд акнун расман амал мекунад

Дар маҳаллаи «Гулистон-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода «Биржаи меҳнат» барои кироякорон ба фаъолият оғоз намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ин иншооти навбунед барои кироякорон тамоми шароит мухайё буда, барои сохтмони он 52 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.  «Ҳадаф аз бунёди ин иншоот бо сарпаноҳи доимӣ таъмин […]

ASIA-Plus



Дар маҳаллаи «Гулистон-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода «Биржаи меҳнат» барои кироякорон ба фаъолият оғоз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ин иншооти навбунед барои кироякорон тамоми шароит мухайё буда, барои сохтмони он 52 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

 «Ҳадаф аз бунёди ин иншоот бо сарпаноҳи доимӣ таъмин намудани кироякорон дар фасли гармову сармо аст. «Биржаи меҳнат» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуҳалимов бунёд ёфта, барои ҷой ва дигар шароитҳои мавҷуда маблағ ситонда намешавад», – омадааст дар хабари мақомоти шаҳрдории Хуҷанд.

Гуфта мешавад, раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми суханронии худ кайд кардааст, ки бо ҷойи корӣ таъмин намудани мардум яке аз вазифаи муҳими давлат ба хисоб меравад, аз ин хотир имсол дар шаҳр 1700 адад ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.

 Зимнан зикр мегардад, ки Раҷаббой Ахмадзода аз кироякорон даъват намуд, то маърифати шаҳрдориро риоя намуда, тартиботи ҷамъиятиро риоя кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.