Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» фаъолияти худро барқарор месозад

Хуҷанд. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди (ҶСШК) комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» аз нав ба фаъолият оғоз мекунад. Раиси раёсати тозатаъиншудаи Ҷамъияти саҳомии «Конимансур» Нурлан Алимбетов изҳор дошт, ки дар шаҳри Алмаато мурофиаи додгоҳии ширкати «Казинвест-Минерал» ва ширкати қазоқии «Норд Тайм» ба анҷом расидааст. Ба ширкати «Казинвест-Минерал» 100 дарсад саҳмияҳои ҶСШК Комбинати […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди (ҶСШК) комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» аз нав ба фаъолият оғоз мекунад.






Раиси раёсати тозатаъиншудаи Ҷамъияти саҳомии «Конимансур» Нурлан Алимбетов изҳор дошт, ки дар шаҳри Алмаато мурофиаи додгоҳии ширкати «Казинвест-Минерал» ва ширкати қазоқии «Норд Тайм» ба анҷом расидааст. Ба ширкати «Казинвест-Минерал» 100 дарсад саҳмияҳои ҶСШК Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» тааллуқ доранд ва ширкати «Норд Тайм» ҷиҳати роҳандозии фаъолияти комбинат 20 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст.





Зимни мувофиқаи бадастомада, 74 дарсади саҳмияҳои ҶС «Конимансур» ба ихтиёри ширкати «Норд тайм» вогузор шудаанд, ки ин шароит фароҳам овардааст, фаъолияти корхонаро аз нав ба роҳ монанд.




                   «Ширкати «Норд тайм» маҷбур шуд, ҷиҳати дифоъи ҳуқуқҳои худ ва маблағҳои сармоягузориаш ва ҳамчунин махфӣ нигоҳ доштани вазъи ҳақиқӣ ва идора дар корхонаи маъдантозакунӣ аз болои ширкати «Казинвест-Минерал» ба додгоҳ муроҷиат намояд. – идома дод Н.Алимбетов. –

Айни замон корхона маблағҳои нахустинро ҷиҳати пардохти андоз ва музди меҳнат гирифт».




 





Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.