Дар Когон суботу оромӣ ҳукмфармо аст, – сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шаҳри Когони вилояти Бухорои Ӯзбекистон мардум ба хонаҳояшон бармегарданд ва умуман дар вилоят зиндагӣ ба маҷрои пешин – орму босубот ҷараён дорад. Таври маълум, санаи 10-уми июли соли равон дар анбори аслиҳаву муҳимоти шаҳри Когон инфиҷор рух дод ва аҳолии […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шаҳри Когони вилояти Бухорои Ӯзбекистон мардум ба хонаҳояшон бармегарданд ва умуман дар вилоят зиндагӣ ба маҷрои пешин – орму босубот ҷараён дорад.






Таври маълум, санаи 10-уми июли соли равон дар анбори аслиҳаву муҳимоти шаҳри Когон инфиҷор рух дод ва аҳолии наздики анбор ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд.





Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати рафъи оқибатҳои инфиҷору сӯхтор хизматчиёни ҳарбии вазорати мудофиа ва ниҳодҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ҷалб карда шудаанд.





«Мувофиқи маълумот, бар асари инфиҷор 3 нафар ҳалок гашта, 21 нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштаанд ва айни замон ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонида мешавад», – изҳор дошт манбаъ.





Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳукуматӣ иборат аз намояндагони ниҳодҳои қудратии кишвар кор мекунад.





«Тибқи маълумоти Маркази идораи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилоят ҳамаи корхонаву ташкилот бомаром фаъолият намуда, вазъ ба мкҷрои пешини орому босубот бармегардад», – афзуд сарчашма.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.