«Муносиботи Фаронсаву Тоҷикистон густариш хоҳанд ёфт», – сафири Фаронса

Date:



Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Муносиботи Фаронсаву Тоҷикистон дар сатҳи гуфтушуниди тӯлонии сиёсӣ роҳандозӣ мешаванд», – гуфт дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мэтлэнд Пелен.






Ба гуфтаи сафир, муносиботи Тоҷикистону Фаронса рӯз аз рӯз густариш меёбанд ва барои тақвияти гуфтаҳояш сафарҳои мутақобилаи бешумори шахсони расмии ҳукумати кишварҳоро намуна овард.





«Фаронса ва Тоҷикистон бобати масоили стратегӣ ва вазъи Афғонистон назари якхела доранд», – гуфт ӯ.





М.Пелен изҳор дошт. ки кишвараш аз 1-уми апрел дар Иттиҳоди Аврупо (ИА) раисӣ мекунад ва муҳимияти ба роҳ мондаги ҳамкориҳоро бо давлатҳои минтақаи Осиё Марказӣ таъкид сохт.





«Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки ба ин ҳамкориҳо вусъат бахшад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки Фаронса омода аст, ислоҳоти сохториро дар Тоҷикистон дастгирӣ намояд, то нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд шавад.





Сафир хотиррасон сохт, ки имрӯз дар Фаронса мутахассисони ҳарбии Тоҷикистон таҷриба меомӯзанд, олимони тоҷик дар докторантура таҳсил мекунанд, рӯзноманигорон, донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони тоҷик бо сафарҳои корӣ ба Фаронса мераванд. Вай баён дошт, ки кишвараш аз фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад ва ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки муносиботи кишварҳо дар сатҳи қаноатбахш қарор доранд.





М.Пелен аз номи ҳукумати Фаронса барои ҷойгир кунонидани гурӯҳи низомии Фаронса дар фурудгоҳи пойтахт изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки ҷиҳати таҷдиди фурудгоҳ ҳукумати кишвараш 40 миллион Евро маблағ ҷудо мекунад.





Сафир инчунин иттилоъ дод, ки санаи 17-18-уми октябр дар Париж Форуми Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ баргузор гашта, дар таърихи 21-22-уми октябр дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи таҳкими марзҳо дар сатҳи вазирон мулоқот доир мегрдад.





Дар анҷом М.Пелен изҳор дошт, ки баҳри густариши минбаъдаи муносиботи кишварҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод. «Мо роҳи дигаре надорем», – гуфт ӯ.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...