Дар Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани литсейи президентӣ ва варзишгоҳи «Металлург» ширкат варзид

                Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва истифодаи пурсамари заминҳои кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор сафар кард. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри   Турсунзода нахуст бо шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии мошинии ҳосили гандуми заминҳои хоҷагии саҳҳомии кушодаи Ҳақиқати […]

root



                Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва истифодаи пурсамари заминҳои кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор сафар кард.






Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри

 

Турсунзода нахуст бо шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии мошинии ҳосили гандуми заминҳои хоҷагии саҳҳомии кушодаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Сешанбе оғоз ёфт.





Зимни сӯҳбат бо роҳбарият ва аҳли хоҷагӣ маълум шуд, ки он дорои


620 гектар

замини корам будааст. Деҳқонон дар

118 гектар

ғаллаи обӣ кишт карда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд.





Сарвари давлат дар сӯҳбат бо мутахассисону деҳқонон таъкид намуд, ки ҳосили ғалла аз заминҳои обӣ бояд аз 50 сентнерӣ кам нашавад.





Умуман таъкид гардид, ки солҳои охир баъди ғамхорию дастгириҳои зиёди Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёд шудани ҳавасмандии деҳқонон соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ дубора фоидаовар шудааст.





Дар маҳаллаи 9-уми шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як бинои истиқоматӣ ба истифода дода шуда, ба коргарони пешқадам ва собиқадори КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тақдим карда шуд.

 






Тибқи ин супориш худи ҳамин рӯз дар паҳлӯи ин бинои истиқоматӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали боз ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ гузошта шуд, ки иборат аз 100 хона хоҳанд буд. Сарвари давлат дастур дод, ки ин биноҳо соли 2009-ум то рӯзҳои ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шаванд.





Яке аз иншооти бисёр муҳим, ки имрӯз дар фазои тантанавӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расман ба истифода дода шуд, ин литсейи Президентии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ буд, ки барои 320 нафар хонандагони болаёқат пешбинӣ шудааст.





Литсейи Президентии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ бо харҷи 8,5 миллион сомонӣ бо кӯмаки молиявии ширкати «Аляска металз»- и Британияи Кабир, ки аз ҷумлаи шарикони хориҷии «Ширкати алюминийи тоҷик» аст, дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Турсунзода қомат афрохта, боиси сарфарозӣ ва шукргузории омӯзгорону хонандагон гаштааст.





Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар давоми ду соли охир танҳо дар шаҳри Турсунзода 17 адад мактабҳои гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Се мактаб дар ҳамин ду рӯзи охир мавриди истифода қарор гирифт, то оғози соли таҳсил сохтмони боз се-тои дигар ба охир мерасад.





Дар паҳлӯи литсейи Президентӣ дар маркази шаҳри Турсунзода ҳамчунин як маркази тиҷоратӣ бо номи зебою форами «Муждаи васл» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ мавриди истифодаи қарор гирифт.





Дар шаҳри Турсунзода ҳамчунин чойхонаи миллии Регар, ки бо тарҳи фораму диданиаш ба яке аз кӯчаҳои

 

марказии ин шаҳр

  

ҳусни наву зебо зам намудааст, дар фазои бошукӯҳи идона ифтитоҳ ёфт.





Зимни боздид аз бинои дуошёнаи чойхона зикр гардид, ки он аз ҷониби ширкатҳои маҳаллии сохтмонӣ бо харҷи 2 миллиону 63 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.





Иншооти аз ҳама муҳиме, ки имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ расман ба истифода дода шуд, ин Варзишгоҳи марказии Металлурги шаҳри Турсунзода буд.





Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин варзишгоҳи бошукӯҳро тӯҳфаи арзанда ба ҷавонони шаҳри Турсунзода номид.





Баъди суханронии пурмӯҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири паҳлӯҳои гуногуни сиёсати имрӯзаи давлат ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа буд, намоиши театрикунондашудаи ҳунармандони касбию ҳаваскори театрӣ ва консерти бошукӯҳи устодони санъати рақсу суруд пешкаши тамошобинон гашт.





Мавриди зикр аст, ки дар ҳамаи иншооти имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба истифода додашуда 400 ҷойи нави корӣ муҳайё гаштааст.





Дар роҳи бозгашт аз шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Шаҳринав бо рафти кишти такрории заминҳои обӣ дар кооперативи истеҳсолии «Қаҳрамони озод» аз наздик шинос шуд.





Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки хоҷагӣ дорои

93 гектар

заминҳои корам аст. Аз он дар 50 гектараш пахта ва дар заминҳои дигар ғаллаи обӣ ва сабзавоти барвақтӣ кишт намудаанд.





Сарвари давлат ба деҳқонони ин ва дигар хоҷагиҳо бори дигар таъкид намуд, ки барои таъмини неъматҳои фаровони дастурхони мардум ва амнияти озуқавории кишвар ягон ваҷаб замини киштбоби обӣ бояд бекор намонад ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд захираи дусолаи маводи ғизоии худро дошта бошад, то ки худро аз таъсири манфии болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ эмин дорад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.