«Муносиботи Фаронсаву Тоҷикистон густариш хоҳанд ёфт», – сафири Фаронса

Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Муносиботи Фаронсаву Тоҷикистон дар сатҳи гуфтушуниди тӯлонии сиёсӣ роҳандозӣ мешаванд», – гуфт дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мэтлэнд Пелен. Ба гуфтаи сафир, муносиботи Тоҷикистону Фаронса рӯз аз рӯз густариш меёбанд ва барои тақвияти гуфтаҳояш сафарҳои мутақобилаи бешумори шахсони расмии ҳукумати кишварҳоро намуна овард. «Фаронса ва […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Муносиботи Фаронсаву Тоҷикистон дар сатҳи гуфтушуниди тӯлонии сиёсӣ роҳандозӣ мешаванд», – гуфт дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мэтлэнд Пелен.






Ба гуфтаи сафир, муносиботи Тоҷикистону Фаронса рӯз аз рӯз густариш меёбанд ва барои тақвияти гуфтаҳояш сафарҳои мутақобилаи бешумори шахсони расмии ҳукумати кишварҳоро намуна овард.





«Фаронса ва Тоҷикистон бобати масоили стратегӣ ва вазъи Афғонистон назари якхела доранд», – гуфт ӯ.





М.Пелен изҳор дошт. ки кишвараш аз 1-уми апрел дар Иттиҳоди Аврупо (ИА) раисӣ мекунад ва муҳимияти ба роҳ мондаги ҳамкориҳоро бо давлатҳои минтақаи Осиё Марказӣ таъкид сохт.





«Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки ба ин ҳамкориҳо вусъат бахшад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки Фаронса омода аст, ислоҳоти сохториро дар Тоҷикистон дастгирӣ намояд, то нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд шавад.





Сафир хотиррасон сохт, ки имрӯз дар Фаронса мутахассисони ҳарбии Тоҷикистон таҷриба меомӯзанд, олимони тоҷик дар докторантура таҳсил мекунанд, рӯзноманигорон, донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони тоҷик бо сафарҳои корӣ ба Фаронса мераванд. Вай баён дошт, ки кишвараш аз фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад ва ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки муносиботи кишварҳо дар сатҳи қаноатбахш қарор доранд.





М.Пелен аз номи ҳукумати Фаронса барои ҷойгир кунонидани гурӯҳи низомии Фаронса дар фурудгоҳи пойтахт изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки ҷиҳати таҷдиди фурудгоҳ ҳукумати кишвараш 40 миллион Евро маблағ ҷудо мекунад.





Сафир инчунин иттилоъ дод, ки санаи 17-18-уми октябр дар Париж Форуми Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ баргузор гашта, дар таърихи 21-22-уми октябр дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи таҳкими марзҳо дар сатҳи вазирон мулоқот доир мегрдад.





Дар анҷом М.Пелен изҳор дошт, ки баҳри густариши минбаъдаи муносиботи кишварҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод. «Мо роҳи дигаре надорем», – гуфт ӯ.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.