Хатлон: Собиқ афсари Гвардияи миллӣ барои дуздии чорво маҳкум шуд

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон акнун собиқ афсари Гвардияи миллии Тоҷикистон ва ҳаммаслаки ӯ –  собиқ корманди хадамоти оташнишонии ноҳияи Муъминободро барои мунтазам дуздидани чорво маҳкум намуд. Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоир Искандаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки лейтенати хурди Гвардияи миллӣ Раҷаалӣ Махсумов ва собиқ корманди хадамоти оташнишонӣ Маҳмадзоир Давлатов муддати […]

Сайраҳмон Назриев



Суди ҳарбии гарнизони Хатлон акнун собиқ афсари Гвардияи миллии Тоҷикистон ва ҳаммаслаки ӯ –  собиқ корманди хадамоти оташнишонии ноҳияи Муъминободро барои мунтазам дуздидани чорво маҳкум намуд.

Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоир Искандаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки лейтенати хурди Гвардияи миллӣ Раҷаалӣ Махсумов ва собиқ корманди хадамоти оташнишонӣ Маҳмадзоир Давлатов муддати зиёде дар роҳи мошингарди Сарбанд – Данғара ба дуздии чорво мащғул буда, сипас гӯшти онро ба қассобони Кӯлоб месупурдаанд.

«Моҳи июли соли равон сокинони маҳаллӣ зимни кӯшиши навбатии рабудани говҳо, дздонро боздошта, онҳоро ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд, – гуфт Искандаров. – Нисбати онҳо мутобиқи моддаи 244 (Дуздӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян карда шуд, ки зиёни расида ба ҷабрдидагонро наздикони маҳкумшудагон барқарор кардаанд».

Ба қавли ӯ, суд Раҷабалӣ Маҳмудов ва Маҳмадзоир Давлатовро мутобиқи моддаи «Дуздӣ» гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 250 нишондиҳандаи ҳисоб ё худ 10 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.