“Аксарият дар Русия боздошт шудаанд”. Соли 2025 беш аз 2600 ҷинояткори таҳти пайгард дастгир шудаанд

Соли 2025 аз 3 як ҳиссаи ҷинояткорони таҳти пайгард боздошт шудаанд, аз ҷумла қисме аз онҳо дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ин бора Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта беш аз 6 ҳазору 700 […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Соли 2025 аз 3 як ҳиссаи ҷинояткорони таҳти пайгард боздошт шудаанд, аз ҷумла қисме аз онҳо дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ин бора Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта беш аз 6 ҳазору 700 ҷинояткор дар ҷустуҷӯ карор доштаанд. Дар умум, аз ин теъдод беш аз 2 ҳазор 600 тан дастгир шуданд.

“Аз шумори ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта бо ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи хориҷи кишвар 835 нафар дар хориҷи кишвар дастгир карда ва ба ҷумҳурӣ оварда шудаанд”, – гуфт Назарзода.

Сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ афзуд, ки аксари ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дастгир шудаанд.

Вай бо пурсиши такрорӣ гуфт, ки аксари онҳо дар Русияву Қазоқистон боздошт шудаанд. Ба қавли ӯ, инчунин, боздошту ба Ватан овардашудаҳо аз давлатҳои Аврупо низ ҳастанд.

Аммо Бахтиёр Назарзода омори мушаххаси аз кадом давлатҳо кадом ҷинояткорон кай дастгиру ба ватан оварда шударо ироа накард.

Чанде пеш, Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия зимни сафараш ба Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода мулоқот карда, дар он дидор гуфта буд, ки мақомоти интизомии Русия давоми 8 моҳи соли 2025-ум 400 зодаи Тоҷикистонро, ки дар пайгарди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буданд, боздошт кардаанд.

Аз ин пештар, ба гуфтаи Колоколтсев, соли 2024-ум 260 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта дар Русия боздошту ба Тоҷикистон оварда шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.