Дар Исломобод вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо ҳайати тоҷикони бумии Покистон, бо сарварии Соҳибзода Афзал Тоҷик баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Соҳибзода Афзал Тоҷик изҳор намудааст, ки дар Покистон ҷамъияти тоҷикон бо номи «Тоҷик Қавми Иттиҳад Парти Пакистан» амал менамояд, ки он асосан ба ҳимояи ҳуқуқҳои аққалиятҳои тоҷикон, нигаҳ доштани ҳуввияти миллии тоҷикони Покистон, ташвиқи фарҳанг, забон ва мероси хаттии гузаштагони ниёгон ва инъикоси ҳаёти имрӯзаи тоҷикони Покистон ба шумор меравад.
Зикр гардидааст, ки бо ин мақсад дар тӯли 24 сол дар Покистон ҳафтаномаи бо номи «Тоҷик» нашр мешавад, ки дар он маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти тоҷикони Покистон инъикос мегарданд.
Тоҷикони Покистон ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-«Пайванд» баҳои баланд доданд. Дар хотима масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои тоҷикони Покистон бо мақсади фароҳам овардани фазои ягонаи фарҳангӣ, илмӣ ва забонӣ муҳокима гардиданд.


