Эмомалӣ Раҳмон 47-умин солгарди Инқилоби исломии Эронро ба Масъуд Пизишкиён ва эрониён табрик гуфтааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони Масъуд Пизишкиён, ҳамтоии эронии худ фарорасии солрӯзи Инқилоби исломии Эронро ба ӯ ва мардуми кишвараш табрик гуфтааст. Дар ин бора Сафорати Эрон дар Душанбе рӯзи 7-уми феврал хабар додааст. “Ба муносибати фаро расидани ҷаши миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби худ, давлат ва мардуми Тоҷикистон самимонатарин […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони Масъуд Пизишкиён, ҳамтоии эронии худ фарорасии солрӯзи Инқилоби исломии Эронро ба ӯ ва мардуми кишвараш табрик гуфтааст. Дар ин бора Сафорати Эрон дар Душанбе рӯзи 7-уми феврал хабар додааст.

“Ба муносибати фаро расидани ҷаши миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби худ, давлат ва мардуми Тоҷикистон самимонатарин табрикоти некро ба ҷаноби олӣ (Масъуд Пизишкиён) ва мардуми дӯсти Эрон иброз менамоям”, – омадааст дар номаи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ дар идома гуфтааст, ки “собиқаи таърихии мардуми мо яке аз пояҳои асосии тақвияти равобити муосир ва фазои эътимод миёни кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанги мо ба шумор меравад”. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, густариши ҳамкориҳо бо Эронро авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон дониста, ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба таъкид кардааст.

“Ба Шумо, ҷаноби олӣ, саломатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсту бародари Эрон рӯзгори хуш, сулҳ ва суботи пойдор, инчунин, пешрафт ва шукуфоии пайвастаро орзумандам”, – гуфтааст раисҷуҳури Тоҷикистон.

Инқилоби исломии Эрон ҳамасола дар ҳафтаи аввали моҳи феврал  (22 баҳман) ҷашн гирифта мешавад. 47 соли қабл, дар пайи як инқилоб дар моҳи феврали соли 1979 дар Эрон, тахти шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ сарнагун шуда, заминаи рӯи кор омадани низоми ҷумҳурии исломӣ ба роҳбарии Руҳуллоҳ Хумайнӣ фароҳам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.