Тавофуқи Э.Раҳмон ва И.Алиев оид ба баргузории «Низомихонӣ» дар соли оянда

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои озарбойҷонии худ Илҳом Алиев пешниҳод кард, ки соли оянда дар ҳарду кишвар «Низомихонӣ» – чорабиниҳо бахшида ба асарҳои классики машҳури адабиёти форсу тоҷик ва фарзанди бузурги халқи Озарбойҷон Низомии Ганҷавӣ рӯи кор оварда шаванд. Зимни нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки чанде қабл […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои озарбойҷонии худ Илҳом Алиев пешниҳод кард, ки соли оянда дар ҳарду кишвар «Низомихонӣ» – чорабиниҳо бахшида ба асарҳои классики машҳури адабиёти форсу тоҷик ва фарзанди бузурги халқи Озарбойҷон Низомии Ганҷавӣ рӯи кор оварда шаванд.

Зимни нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки чанде қабл бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Душанбе ташриф овард, Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро изҳор намуд.

Дар ҳамин ҳол, сарвари давлати Озарбойҷон Илҳом Алиев дар ин робита зикр кард, ки ин пешниҳодро, ки ба боз ҳам наздику қаринтар гардидани ду мардуми дӯст бештар мусоидат мекунад, бо хушунудӣ мепазирад.

Қобили зикр аст, ки Низомии Ганҷавӣ шоир ва мутафаккири бузург, бунёдгузори мактаби хамсанависӣ буда, соли 1141 дар шаҳри Ганҷаи шимоли Озарбойҷон таваллуд ёфтааст.

Дар баробари донистани илмҳои замони худ, Низомӣ аз мероси бадеии Юнони Қадим, ёдгориҳои хаттии паҳлавӣ, осори илмию адабии араб, таърихи халқҳои Қафқоз ва адабиёти форсу тоҷик пурра огоҳ буд. Вай адабиёти даҳонии халқи худ ва расму одоби насронию яҳудӣ ва паҳлавиро хуб медонист. Илмҳои табиӣ, махсусан, тиб ва нуҷум (астрономия)-ро хуб аз худ карда буд. Умуман, Низомӣ аз илмҳои зиёде баҳравар буд. Аз ҳамин сабаб, ӯро ҳамчун донишманди ҳамадон, яъне ҳаким эътироф карда буданд.

Халқи Озарбойҷон нисбат ба Низомӣ ифтихор ва эҳтироми бузург дорад. Дар Ганҷа ва Боку ҳайкалҳои муҳташами Низомӣ гузошта шудааст. Низомии Ганҷавӣ дар адабиёти ҷаҳон бо достонҳои худ машҳур аст. Тамоми осори ӯ ба форсӣ навишта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.