Эҳтимоли дубора роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Боку

Зимни нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки маҳдудияти имконоти нақлиётию коммуникатсионӣ яке аз омилҳоест, ки монеаи рушди тиҷорати мутақобилаи миёни кишварҳо мебошад. «Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишварҳоямон табиист, ки чунин тиҷорат ташкили инфрасохтори заруриро тақозо мекунад», – гуфт президенти Тоҷикистон Ӯ қайд кард, […]



Зимни нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки маҳдудияти имконоти нақлиётию коммуникатсионӣ яке аз омилҳоест, ки монеаи рушди тиҷорати мутақобилаи миёни кишварҳо мебошад.

«Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишварҳоямон табиист, ки чунин тиҷорат ташкили инфрасохтори заруриро тақозо мекунад», – гуфт президенти Тоҷикистон

Ӯ қайд кард, ки дар ин бахш ҳарду кишвар ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим дар доираи лоиҳаи ТРАСЕКА, Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар Боку қарор дорад, манфиатдор мебошанд.

«Мо ҳамчунин ба роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон манфиатдорем», – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мекунем, ки 10-уми июли соли 2012 хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Боку ифтитоҳ гардида, вале бинобар сабаби камбуди мусофирон минбаъд баста шуд. Моҳи марти соли гузашта низ ин хатсайр барқарор карда шуд, вале боз ҳам ба иллати сабаби дар боло зикршуда мутаваққиф гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.