Нахустин сафари ҳунарии театри Данғара ба вилояти Суғд

Ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии мусиқиву драмавии ноҳияи Данғара имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд. Аз шуъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Чкаловск ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки рӯзҳои 14-15-уми октябр ҳунармандони ин театр таҳти роҳбарии Корманди шоистаи ҶТ Зубайдулло Кабудов дар Хонаи фарҳанги шаҳри Чкаловск барномаи консертӣ намоиш доданд. Ба гуфтаи […]

Баҳром Файзуллоев



Ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии мусиқиву драмавии ноҳияи Данғара имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд.

Аз шуъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Чкаловск ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки рӯзҳои 14-15-уми октябр ҳунармандони ин театр таҳти роҳбарии Корманди шоистаи ҶТ Зубайдулло Кабудов дар Хонаи фарҳанги шаҳри Чкаловск барномаи консертӣ намоиш доданд.

Ба гуфтаи директори Театри ҷумҳуриявии мусиқиву драмавии ноҳияи Данғара Зубайдулло Кабудов, ин сафари ҳунарӣ ба муносибати 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон сурат гирифта, то 22-юми октябр идома меёбад.

«Дар таърихи театр ин нахустин сафари ҳунарӣ бо барномаи консертӣ ба вилояти Суғд аст. Сокинони шаҳру навоҳии вилоят моро хеле хубу самимона пазиройӣ мекунанд ва аз номи тамоми кормандони театр мо ба раҳбарияти вилоят барои чунин истиқболи гарму самимона миннатдорӣ изҳор менамоем», – иброз дошт ӯ.

Тавре аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд хабар доданд, барномаи консертии театр ба сокинони шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Спитамен, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов ва ҳамчунин донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд низ пешкаш мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.