М.Убайдуллоев ба «Зарубежнефтегаз» бунёди мактаби таълими забони русиро пешниҳод сохт

Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мудири кулли Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Зарубежнефтегаз»-и ширкати русиягии «Газпром» Валерий Гулев доир гардид. Сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки М.Убайдуллоев аз фаъолияти ширкат дар ҷустуҷӯи конҳои гази Тоҷикистон қаноатмандӣ кард. […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мудири кулли Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Зарубежнефтегаз»-и ширкати русиягии «Газпром» Валерий Гулев доир гардид.






Сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки М.Убайдуллоев аз фаъолияти ширкат дар ҷустуҷӯи конҳои гази Тоҷикистон қаноатмандӣ кард. Ӯ боварии худро изҳор намуд, ки ширкат метавонад дар зарфи 9 соли амалисозии лоиҳа талаботи Тоҷикистонро бо газ таъмин созад.






               

Бино ба иттилои манбаъ, В.Гулев мири пойтахтро бо ҷараёни корҳо дар чаҳор кон шинос намуда, масъалаи сохтмони намояндагии «Газпром» дар шаҳри Душанбе ва иштироки ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи иҷтимоӣ дар пойтахтро зарур донист.






               

«Раиси шаҳри Душанбе бо дарназардошти тавоноии молияии ширкати русиягӣ пешниҳод сохт, ки «Газпром» дар бунёди нерӯгоҳҳои обию барқии ҶТ ва сохтмони манзилгоҳ сармоягузорӣ намуда, таъмини Тоҷикистон бо гази моеъ ва тарзи истифодаи бехавфи он дар нақлиёти ҷамъиятиро ҷорӣ кунад», – идома дод Ш.Саидов.






               

М.Убайдуллоев изҳор дошт, ки мақомоти шаҳрдорӣ омода аст, масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони намояндагии ширкати «Газпром»-ро муҳокима намояд ва ҷиҳати иштироки ширкат дар лоиҳаҳои соҳаи иҷтимоӣ бунёди мактаби таълим бо забони русиро пешниҳод сохт.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.