Дар Суғд корманди ваколатдори Намояндагии савдои Русия ба кор шурӯъ кард

Хуҷанд. 7-уми июл. ОИ «Аия-Плюс» – Бо мақсади густариши ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия қарор шудааст, дар вилояти Суғд Қабулгоҳи ҷамъиятии Намояндагии савдои Русия дар ҶТ ифтитоҳ гардад. Намояндаи ваколатдори он Азимбой Азизов таъин шудааст. Аз консулгарии кулли Русия дар Хуҷанд хабар доданд, ки намояндаи ваколатдор муносиботи ҳамкории мутақобилаи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русияро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 7-уми июл. ОИ «Аия-Плюс» – Бо мақсади густариши ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия қарор шудааст, дар вилояти Суғд Қабулгоҳи ҷамъиятии Намояндагии савдои Русия дар ҶТ ифтитоҳ гардад. Намояндаи ваколатдори он Азимбой Азизов таъин шудааст.






Аз консулгарии кулли Русия дар Хуҷанд хабар доданд, ки намояндаи ваколатдор муносиботи ҳамкории мутақобилаи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русияро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба соҳибкорони рус дар интихоби шарикон дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.





«Ҳамчунин ӯ ба афзоиши мубодилаи мол миёни кишварҳо, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавии Русияву Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳааҳои байниминтақавии сармоягузории давлатҳо низ мусоидат хоҳад кард», – идома доданд дар консулгарӣ. – Барпо сохтан ва ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои муштарак, таъмини бозорҳои Тоҷикистон бо моли Русия, интиқоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба минтақаҳои Русия ва пешниҳоди хизматрасониҳои машваративу иттилоотӣ ба соҳибкорони ҳарду кишвар низ аз вазифаҳои афзалиятноки намояндаи масъул шуморида мешаванд».





Сарчашма инчунин зикр кард, ки дар робита ба омодагии баргузории Форуми саввуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» ба намояндаи ваколатдор супориш дода мешавад, ки дар кори ҳамоҳангсозии он аз ҷониби Русия ба гурӯҳи тадорукот ёрӣ расонад.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.