Дзюдочиёни ҷавони тоҷик бо ду медали тилло аз Ӯзбекистон баргаштанд

Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо байни наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябр дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, варзишгарони ҷавони тоҷик  ҳафт медал (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз шаш кишвар – Иёлоти […]

ASIA-Plus



Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо байни наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябр дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, варзишгарони ҷавони тоҷик  ҳафт медал (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз шаш кишвар – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон – ширкат варзида, дар 8 вазн ҳам байни писарон ва ҳам миёни духтарон қувваозмоӣ карданд. Ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ, инчунин, имсол барои имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасони соли 2018 мубориза бурданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо касби 14 медали тилло ғолиб шуд.

Ба иттилои Федератсиюни дзюдои Тоҷикистон ба ҳайати мунтахаби кишвар 23 варзишгар дохил буд. Эраҷ Абдуллоев дар вазни то 66 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 90 кило бар ҳамаи рақибонашон дастболо шуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Чаҳор намояндаи дигари Тоҷикистон –  Фирдавс Назаров (56 кг), Салмон Раҳмихудоев(66 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг) ва Ардашер Мирзоев (+90 кг) – барои ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Инчунин Илҳомҷон Ҳофиззода дар вазни то 66 кило медали биринҷӣ гирифт.

Ин мусобиқа барои варзишгарони навраси тоҷик як давраи омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё буд, ки он моҳи декабр дар Ҳонконг баргузор хоҳад шуд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.