Нерӯгоҳи Қайроққум ҳамагӣ 18%-и талаботи вилояти Суғд ба барқро қонеъ мекунад



Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки имрӯз, 26-уми ноябр доир гардид, Созишномаи кафолатӣ байни ҶТ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Созишномаи грантӣ байни ҶТ, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР, Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР ва Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» тасдиқ карда шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон дар робита ба ин масъала муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки  воситаҳои қарзии БАТР ба барқарорсозӣ ва таҷдиди таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикии нерӯгоҳи амалкунандаи Қайроққум ва афзоиши иқтидори нерӯгоҳ аз 126 МВт то ба 174 МВт тариқи насби турбинаи иқтидораи номиналиаш бештар равона мегарданд.

«Амалисозии лоиҳа ба беҳбуди сатҳи бехатарии нерӯгоҳ, сарбанд ва обанбор ва таҳкими устувории нерӯгоҳ дар муқобили оқибатҳои номусоидии тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад. Лоиҳа дар ду марҳила бо сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии ҳудуди 157 млн. евро амалӣ мешавад. Дар марҳилаи аввал, аз ҷониби БАТР ҷудо гардидани ҳудуди 50 млн. евро қарз дар назар аст», – иброз дошт Нуралиев.

Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи мазкур ҳамроҳ бо Барномаи санҷишӣ оид ба мутобиқат ба тағйирёбии иқлими Фонди иқлимии сармоягузорӣ, ки бурс дар ҳаҷми 11 млн. доллари ИМА ва 10 млн.  доллари ИМА қарзи имтиёзнокро таъмин мекунанд, маблағгузорӣ мешавад. Ҳаҷми қарзи техникӣ барои амалисозии ин лоҳа 4,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод», – гуфт ӯ.

Муовини аввали вазири молия ҳамчунин зикр кард, ки бо назардошти мушкилоти молии ширкати «Барқи тоҷик», то соли 2017 ширкат танҳо грантҳои созишномаҳои дар боло зикршударо истифода мекунад, ки ҳаҷмаш ба 11 млн. доллари ИМА баробар хоҳад буд.

Директори нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум Файзулло Авезов зимни суханрониаш қайд кард, ки айни замон нерӯгоҳ дар як сол 650-700 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда метавонад, ки талаботи вилояти Суғд ба нерӯи барқро ҳамагӣ 18% қонеъ месозад. «Боқимонда талабот ба нерӯи барқ аз ҳисоби нерӯгоҳи Норак таъмин мешавад», – иброз дошт директори нерӯгоҳ.

spot_imgspot_img

Популярное