То ахири ҳафта КМИР омодагӣ ба интихоботро ба итмом мерасонад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон то ахири ҳамин ҳафта корҳои омодагӣ ба интихоботи парлумонии моҳи феврали соли ояндаро дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон гурӯҳҳои кории Комиссияи марказии интихобот таҳти сарварии раиси КМИР […]

Аваз Юлдошев



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон то ахири ҳамин ҳафта корҳои омодагӣ ба интихоботи парлумонии моҳи феврали соли ояндаро дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон гурӯҳҳои кории Комиссияи марказии интихобот таҳти сарварии раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён ҷиҳати муайян кардани аъзои имконпазири комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ дар вилояти Хатлон қарор доранд.

«Ғайр аз ин, гурӯҳҳои корӣ ҳамчунин масъалаҳои марбут ба биноҳои корӣ барои фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, таъмини онҳо бо нақлиёт ва молҳои канселяриро низ ҳаллу фасл мекунанд», – иброз дошт Додоев.

Ба гуфтаи вай, ин гурӯҳҳо қаблан ба вилоятҳои Суғду ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ низ бо ин мақсад сафарҳои корӣ анҷом доданд. «Имрӯз КМИР Тоҷикистон дар реҷаи интизорӣ ба Фармони президент дар бораи таъини санаи интихобот ба парлумони кишвар қарор дорад», – қайд кард номбурда.

Зимнан хотиррасон шуд, ки тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ, 75 рӯз пештар то анҷоми ваколатҳои вакилони амалкунанда, ки рӯзи 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, сарвари давлат бояд санаи баргузории интихобот ба парлумонро эълон намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.