Бақияи умумии қарз дар бонкҳо қариб 28%афзуд

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон қариб 28% афзуд. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нишондиҳанда ахири моҳи октябри соли равон зиёда аз 9 млрд. 271 млн. сомонӣ (беш аз 1,8 млрд. $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон қариб 28% афзуд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нишондиҳанда ахири моҳи октябри соли равон зиёда аз 9 млрд. 271 млн. сомонӣ (беш аз 1,8 млрд. $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 27,2 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, беш аз 3,8 млрд. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва зиёда аз 5,4 млрд. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил додаанд.

Гуфта мешавад, дар таркиби бақияи қарзҳо 55,6 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 44,4 қарзҳои дарозмуддат ташкил дода, фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 24,72 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,43 фоизи солона баробар шудааст.

«Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар давраи ҳисоботӣ афзун гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,1 фоиз зиёд гардид. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 939 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,6 фоиз зиёд мебошад», – зикр мегардад дар маълумоти БМТ.

Қаблан БМТ иттилоъ дода буд, ки беш аз нисфи қарзҳои додашудаи бонкҳо дар соли равон ба ҳиссаи ду бонки тиҷоратии ҷумҳурӣ – ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСК «Агроинвестбонк» рост меоянд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон  141 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.