Муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Кувайт

Дар меҳмонхонаи “Шератон”-и Давлати Кувайт бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини вазири тиҷорат ва  саноат Самира ал-Ғариб, роҳбарони меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои туристии Кувайт ва дигар хоҳишмандон ширкат варзиданд. «Аз ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои туристии “Ассотсиатсияи мададгор ва […]

ASIA-Plus



Дар меҳмонхонаи “Шератон”-и Давлати Кувайт бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини вазири тиҷорат ва  саноат Самира ал-Ғариб, роҳбарони меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои туристии Кувайт ва дигар хоҳишмандон ширкат варзиданд.

«Аз ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои туристии “Ассотсиатсияи мададгор ва рушди ширкатҳои туристӣ”, ҶДММ “Памир силк Травел”, ҶДММ “Сафари Помир”, “Ассотсиатсияи эко-сайёҳӣ ва фарҳангии Помир”, ҶДММ “Ҳафткул”, ҶДММ “Боми ҷаҳон” ва ҶДММ “Памир пикс” таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллоев иштирок карда, роҷеъ ба имкониятҳову минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумот ироа намуданд», – қайд мешавад дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, зимни чорабинии мазкур барои доир намудани ин намоишгоҳ ба ҷониби Тоҷикистон баҳои баланд дода шуда, таъкид гардид, ки пас аз муаррифии Тоҷикистон дар Кувайт сафари сайёҳон ба Тоҷикистон зиёд хоҳад шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин намоиш дар ҳамаи расонаҳои хабарии Кувайт, аз ҷумла “The Times Kuwait”, “ал-Қабас”, “ан-Наҳор” “ал-Ҷарида” ва телевизиони давлатӣ нашр ва пахш шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.