Қадрдонии Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Ифтихорномаи ЕврАзЭС

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл дар ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ширкат варзид, ки дар таърихи 14-солаи Иттиҳод охирин буд. Аз 1-уми январи соли 2015 фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қатъ мегардад. Ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов аз шаҳри Санкт-Петербург ба «Азия-Плюс» дар ин робита […]

Аваз Юлдошев



Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл дар ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ширкат варзид, ки дар таърихи 14-солаи Иттиҳод охирин буд. Аз 1-уми январи соли 2015 фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қатъ мегардад.

Ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов аз шаҳри Санкт-Петербург ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли солҳои фаъолият аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) беш аз 200 лоиҳаҳои қонунҳои қолабӣ таҳия шуда, дар давраи аз соли 2007 то соли 2009 вазифаи раёсат дар ин Иттиҳодро Маҳмадсаид Убайдуллоев ба уҳда дошт.

Зимни суханронӣ дар ин ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев ба аъзои парлумони кишварҳои узви Иттиҳод барои фаъолияти пурсамар миннатдорӣ изҳор намуда, дар робита ба қатъи фаъолияти Иттиҳод, пешниҳод намуд, ки кормандони котиботи он дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо ҷойи корӣ таъмин карда шаванд. Ин пешниҳоди раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон якдилона дастгирӣ шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа барои фаъолияти пурсамар дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Ифтихорномаи Иттиҳод қадрдонӣ шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин дар кори ҷаласаи 7-уми Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ ширкат варзид, ки дар он ҷараёни иҷрои барнома оид ба ҳамгуна сохтани қонунгузории кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии СААД барои солҳои 2011-2015 баррасӣ шуд.

Бо пешниҳоди М.Убайдуллоев, ба раиси Кумита оид мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Амирқул Азимов Ифтихорномаи СААД тақдим гардид. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.