Нағзибек Нағзибеков консули фахрии Тоҷикистон дар Краснодар таъин шуд

Зимни сафари корӣ ба кишвари Краснодари Русия сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба губернатори кишвар Александр Ткачев, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва ҳамчунин ҳамватанон нахустин консули фахрии Тоҷикистон дар Краснодар Нағзибек Нағзибековро муаррифӣ кард. Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар маросими ифтитоҳи дафтари кории консули фахрии ҶТ сафир қайд кард, ки тайи 10 […]

ASIA-Plus



Зимни сафари корӣ ба кишвари Краснодари Русия сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба губернатори кишвар Александр Ткачев, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва ҳамчунин ҳамватанон нахустин консули фахрии Тоҷикистон дар Краснодар Нағзибек Нағзибековро муаррифӣ кард.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар маросими ифтитоҳи дафтари кории консули фахрии ҶТ сафир қайд кард, ки тайи 10 соли ахири фаъолияти ҷамъиятӣ Нағзибеков миёни ҳамватанон дар Ҳавзаи федералии ҷанубии Русия обрӯву эътибори хосса касб намуд.

«Акнун ба сифати консули фахрӣ Нағзибеков тамоми кӯшшҳои худро баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандони мо ва муосидат ба рушду таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва кишвари Краснодар равона хоҳад кард», – изҳори умедворӣ намуд И.Сатторов.

Сафир зикр кард, ки аз ин ба баъд дар дафтари кории консули фахрии ҶТ дар Краснодар кормандони муваққатан ба ин шаҳр сафарбаршудаи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия фаъолият хоҳанд кард, ки ба корҳои хизматгузории консулгарӣ, бахусус таъмини шаҳрвандони тоҷик бо шиносномаи хориҷии биометрӣ дар ин минтақа машғул мешаванд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, Нағзибек Нағзибеков хатмкардаи Донишкадаидавлатии политехникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Адигей аст. То замони таъин шудан ба ин вазифа ба ҳайси раҳбари ташкилоти ҷамъиятии мусоидлат ба эҳёи фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ «Мусоидат» (Содействие) дар кишвари Краснодар фаъолият мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.