БҶ: Соли 2014 интиқоли маблағҳо ба кишварҳои рушдкунанда 5% меафзояд

Низоъ дар Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати Русия метавонанд ба афзоиш ё коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ таъсир расонанд. Бино ба маълумоти Радиои СММ бо такя ба гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ (БҶ), соли 2014 интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта 5% меафзояд. «Соли гузашта ҳаҷми […]

ASIA-Plus



Низоъ дар Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати Русия метавонанд ба афзоиш ё коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ таъсир расонанд.

Бино ба маълумоти

Радиои СММ

бо такя ба гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ (БҶ), соли 2014 интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта 5% меафзояд.

«Соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта 413 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, тибқи дурнамои ҷорӣ, имсол ин нишондиҳанда ба 435 млрд. доллари ИМА мерасад. Бояд хотиррасон намоям, ки ин танҳо рақамҳои ҳуҷҷатгузоришуда аст ва дар ин маълумот интиқоли ғайрирасмии маблағҳо ба инобат гирифта нашудааст», – қайд кардааст сариқтисодчии БҶ Дилип Ратха.

Гуфта мешавад, мувофиқи як нишондиҳанда – ворид шудани воситаҳои пулӣ аз муҳоҷирон аз рӯйи фоизҳо нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, кишварҳои пасошӯравӣ пешсаф буда, дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда – 42%, Қирғизистон – 32% ва Молдова – 25% (зинаи чорум)-ро ташкил медиҳад.

Агар нишондиҳндаи дигар – ҳаҷми интиқоли маблағҳо дар ифодаи пулӣ гирифта шавад, зинаи аввалро Ҳиндустон (72 млрд. $), дуюмро – Чин (64 млрд. $) ишғол намуда, Украина (9 млрд. $) зинаи даҳумро ишғол мекунад.

Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон дар саросари ҷаҳон, бо шумули интиқоли маблағҳо ба кишварҳои дорои сатҳи баланди даромадҳо, соли равон – 582 млрд. доллари ИМА ва соли 2015 – 608 млрд. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта тариқи воситаҳои расмӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 4,5 млрд. доллари ИМА маблағҳои пулӣ интиқол дода шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.