Таваҷҷуҳи тоҷирони индустрияи сохтмони Туркия ба бозори Тоҷикистон

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид ҳайати соҳибкорони Туркияро ба ҳузур пазируфт. Ҳайати соҳибкорони Туркияро роҳбари намояндагии «ТАТСИАД» дар Тоҷикистон Қодир Чемал Гурса ҳамроҳӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот намояндагони доираҳои соҳибкории Туркия ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Раиси ПСС […]

ASIA-Plus



Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид ҳайати соҳибкорони Туркияро ба ҳузур пазируфт. Ҳайати соҳибкорони Туркияро роҳбари намояндагии «ТАТСИАД» дар Тоҷикистон Қодир Чемал Гурса ҳамроҳӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот намояндагони доираҳои соҳибкории Туркия ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Раиси ПСС Тоҷикистон муҳим будани нақши доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар таҳкиму густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷонибаро таъкид кард.

Зимнан зикр гардид, ки ПСС Тоҷикистон бо Иттифоқи палата ва биржаҳои Туркия ҳамкориҳои шариконаи наздик дошта, ҳамчунин бо Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия, Кумитаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия низ ҳамкориҳои мутақобилаи судманд роҳандозӣ кардааст.

«Имрӯз тиҷорати Туркия ба амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин дар бахшҳои саноату бунёди комплекси агросаноатӣ, сайёҳӣ, маориф ва бисёре аз дигар соҳаҳо манфиатдор аст», – иброз дошт Қодир Гурса.

Соҳибкорони туркӣ ба раиси ПСС Тоҷикистон доир ба фаъолияти ширкатҳои худ, имконоти тиҷоратии ҳамкорӣ дар бахшҳои сохтмон, таъсиси корхонаҳои муштарак, таҳвили технологияву таҷҳизот аз Туркия ба Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ба роҳандозии фаъолияти муштарак дар соҳаи сохтмони манзил ва иншооти шаҳрвандӣ омодагӣ изҳор карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.