Ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсӣ аз Русия 5% коҳиш ёфт

Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Тоҷикистон қариб ба андозаи 5% коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 555 млн. доллари ИМА (семоҳаи […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Тоҷикистон қариб ба андозаи 5% коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 555 млн. доллари ИМА (семоҳаи 1-ум – 546 млн. $ ва семоҳаи 2-юм – 909 млн. $)-ро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба 1 млрд. 638 млн. доллари ИМА баробар буд. Давоми соли 2013 аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 3 млрд. 927 млн. доллари ИМА маблағҳои пулии шахсӣ интиқол дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол, аз рӯйи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ миёни кишварҳои ИДМ аз Тоҷикистон танҳо Ӯзбекистон ва Украина зиёдтар маблағҳои шахсӣ ирсол намудаанд.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-июни соли 2014 аз Русия ба Ӯзбекистон 2 млрд. 815 млн. доллари ИМА маблағҳои пулии шахсӣ фиристода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи 13% камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Ӯзбекистон 3 млрд. 235 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Зимнан зикр мегардад, ки нимсолаи аввали ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Украина 1 млрд. 560 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори қариб 9% камтар аст. Дар зарфи 6 моҳи соли 2013 аз Русия ба Украина  дар ҳаҷми 1 млрд. 712 млн. доллари ИМА чунин маблағҳо интиқол гардида буд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.