М.Кабирӣ: Танҳо бо роҳи зӯроварӣ таҳдиди тундгароиро пешгирӣ кардан ғайриимкон аст

Дар Форуми дуюми ҷамъиятии Қазон таҳти унвони «Ҳамгиройии авруосиёӣ: дастовардҳо ва мушкилот» раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мутмаинона изҳор намуд, ки ҳизби ӯ ба ҳамкорӣ бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор, ҳукумат ва сохторҳои дахлдор баҳри коҳиши таҳдидҳои марбут ба тундгароӣ (радикализм) омода аст. «Имрӯз масъалаи мубориза бо тундгароӣ ҳамаи мо, аз ҷумла аҳзоби сиёсии минтақаро нигарон сохтааст. […]

Ҳумайро Бахтиёр



Дар Форуми дуюми ҷамъиятии Қазон таҳти унвони «Ҳамгиройии авруосиёӣ: дастовардҳо ва мушкилот» раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мутмаинона изҳор намуд, ки ҳизби ӯ ба ҳамкорӣ бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор, ҳукумат ва сохторҳои дахлдор баҳри коҳиши таҳдидҳои марбут ба тундгароӣ (радикализм) омода аст.

«Имрӯз масъалаи мубориза бо тундгароӣ ҳамаи мо, аз ҷумла аҳзоби сиёсии минтақаро нигарон сохтааст. Мо бар ин назарем, ки танҳо бо роҳи зӯроварӣ ва истифода аз нерӯ ҳалли ин мушкилот ғайриимкон аст. Дар ин самт андешидани маҷмӯи тадбирҳои дорои хусусиятҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ зарур аст», – иброз доштааст Кабирӣ зимни суханронӣ дар форум.

Ба андешаи раиси ҲНИТ, тавсеъаи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандон бояд ҳамчун омили муҳими пешгирии тундгароии сиёсӣ ва динӣ баррасӣ шавад. «Бо назардошти манфатҳои давлату халқ, ҳизби мо саъюу талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҳамаи сохторҳои ҳамгиройӣ миёни кишварҳои минтақаро дастгирӣ мекунад», – таъкид доштааст М.Кабирӣ.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки робитаҳои бештар наздики иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ҷавобгӯи орзую омоли мардум аст, ки тибқи назарпурсии ахир, бештар равандҳои ҳамгиройӣ миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақаро писандидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.