Посухи дастгоҳи президент ба дархости толор ҷудо намудан барои анҷумани ҲНИТ

Роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода имрӯз ба дархости хаттии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба мусоидат ҷиҳати баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб дар яке аз толорҳои бузурги шаҳри Душанбе посух гуфт. Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар посухи Худоёрзода таъкид мешавад, ки ҷудо […]

Аваз Юлдошев



Роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода имрӯз ба дархости хаттии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба мусоидат ҷиҳати баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб дар яке аз толорҳои бузурги шаҳри Душанбе посух гуфт.

Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар посухи Худоёрзода таъкид мешавад, ки ҷудо кардани толорҳо барои баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботӣ ё дигар чорабиниҳои аҳзоби сиёсӣ дар салоҳияти дастгоҳи иҷроияи президент нест. «Дар посух пешниҳод мешавад, ки бо ин масъала ба ҳукуматдорони пойтахт муроҷиат кардан зарур аст», – гуфт Файзраҳмонов.

Ӯ хотиррасон намуд, ки бо дархости хаттии мазкур раиси ҲНИТ рӯзи 30-юми сентябр ба раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва 10-уми ноябр ба роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода муроҷиат карда, мақоми шаҳрдори Душанбе то ҳол ба ин дархости хаттӣ ҳеҷ посухе надодааст.

«Мутобиқи моддаи 15-и қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», мо барои ҷудо кардани толори муносиб барои баргузор намудани анҷумани пешазинтихоботӣ, ки дар кори он беш аз 500 нафар вакилони аллакай интихобшуда ва ҳудуди 200 нафар меҳмонон ва намояндагони ВАО иштирок мекунанд, мусоидат дархост намудем», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар анҷуман рӯйхати ҳизбии ҲНИТ иборат аз 20 нафар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон эълон хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки баргузории анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон санаи 16-уми декабри соли равон дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.