Таваҷҷуҳи президент ба ноадолатиҳо дар тақсимоти нерӯи барқ

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон нимаи имрӯз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов, ки то ин вақт муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев […]

ASIA-Plus



Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон нимаи имрӯз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов, ки то ин вақт муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин карда шуд. Иброҳим Қурбонов роҳбари Маркази идораи лоиҳаи Обёрии заминҳои водии Данғара таъин гардид. Абдуваҳоб Рафиев директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Нурофар ва Раҳимҷон Саидов муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикаэронавигатсия таъин карда шуданд.

Cипас ҳисоботи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба миқдор, сабабҳо ва ҳолати истифодабарии заминҳои обие, ки бо об таъмин намебошанд ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мазкур шунида шуд. Тибқи ҳисобот тавассути амалӣ намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин соҳа 1151 га заминҳои нав шодоб, 1815 га заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ баргардонда ва ҳолати меллиоративии қариб 50 ҳазор га заминҳои корами обӣ беҳтар карда шудааст. Солҳои наздик тибқи нақшаҳои амалкунанда зиёда аз 4 ҳазор га заминҳои нави дигар шодоб карда мешаванд.

Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи фарсудаю корношоям гардидани пойгоҳҳои кӯҳнаи обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2014 зиёда аз 26700 га замини корами обӣ аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст.

Сарвари давлат бо назардошти арзиши гарони таҷҳизоти пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва мелиоративӣ ва ҳам соҳилмустаҳкамкунӣ таъкид дошт, ки дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия ва пешниҳод карда шаванд.

Раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисобот дод. Тавре зикр гардид, ҳоло дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон 33 600 нафар аҳолӣ кору зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, беш аз 14 ҳазор га замини корами обӣ дар ин ноҳия аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст.

Аз ин хотир, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани ин заминҳо, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ ва ҳам шумораи ҷойҳои корӣ аз тамоми имкону захираҳо истифода бурда шавад. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бо муаллимону табибон ва дигар мутахассисон пурра таъмин карда шаванд. Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2015-2019, Барномаи рушди қолинбофӣ барои солҳои 2014-2020, Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 ва Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои андоз, гумрук, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси ҷиноятӣ ва ҳам ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба ноадолатиҳо, ки дар тақсимоти нерӯи барқ ба аҳолӣ ба назар мерасад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки низоми муайяншудаи тақсимот пурра ва бесаҳлангорӣ риоя карда шавад.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли 2014, зимистонгузаронии бонизом ва дастгирии оилаҳои ниёзманд дар арафаи соли нави мелодӣ дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.