Пиллапарварони Суғд ба фатҳи марра наздиканд

Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс». – Пиллапарварони вилояти Суғд ба фатҳи марраи иҷрои нақшаи пешибинишуда наздик шуданд. Алишер Мирхолиқов, агрономи раёсати «Пилла» ба ОИ «Азия-Плюс хабар дод, ки то имрӯз пиллапарварон 1 ҳазору 14 тонна ашёи хоми нахи абрешим тайёр кардаанд, ки ин 78,1%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, пиллапарварони ноҳияҳои Ашт ва […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс». – Пиллапарварони вилояти Суғд ба фатҳи марраи иҷрои нақшаи пешибинишуда наздик шуданд. Алишер Мирхолиқов, агрономи раёсати «Пилла» ба ОИ «Азия-Плюс хабар дод, ки то имрӯз пиллапарварон 1 ҳазору 14 тонна ашёи хоми нахи абрешим тайёр кардаанд, ки ин 78,1%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, пиллапарварони ноҳияҳои Ашт ва Конибодом аллакай нақшаро иҷро кардаанд ва пиллапарварони ноҳияҳои Спитамен, Ғончӣ ва Бобоҷон Ғафуров низ рӯзҳои наздик ба фатҳи марра мерасанд. «Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилоят яке аз истеҳсолкунандагони асосии пилла маҳсуб мегардад ва то имрӯз дар ин ҷо 304,4 тонна ашёи хом тайёр шудааст», – афзуд агроном. А.Мирхолиқов зикр кард, ки тамоми ашёи хом барои коркард ба корхонаи муштараки «Вт-Силк» дода мешавад. Имсол пиллапарварони вилояти Суғд ният доранд, 1 ҳазору 299 тонна ашёи хоми нахи абрешим тайёр кунанд. Соли гузашта тайёр кардани 1 ҳазору 599 тонна пилла ба нақша гирифта шуда буд, вале он танҳо ба 52% (841 тонна) иҷро гардид. «Қисми зиёди тухми кирмак аз касалиҳо ҳалок гаштанд ва бинобар он, пиллапарварон ба нокомӣ дучор шуданд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки қариб ҳамаи қуттиҳои кирмак аз Чин оварда шуда буданд. «Соли ҷорӣ нархҳои фурӯши пилла афзудааст: ба 1 килои ашёи хоми нахи абрешим бо назардошти ААИ 1 доллару 15 сент нарх муқаррар шудааст (соли 2007 95 сент)», – илова кард А.Мирхолиқов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.