Кумаки Кумитаи Имдод ба осебдидагон аз сӯхтор дар бозори «Панҷшанбе»

Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба соҳибкорони зиёндида аз сӯхтор дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд кумак кард. Намояндаи Кумита дар вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҳар кадоме аз 20 нафар соҳибкорони зарардида Кумита ба муҳлати 2 сол қарзи бефоиз пешниҳод намуда, ҳамчунин ба соҳибкорзанон мошинҳои […]

Мавлуда Рофиева



Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба соҳибкорони зиёндида аз сӯхтор дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд кумак кард.

Намояндаи Кумита дар вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҳар кадоме аз 20 нафар соҳибкорони зарардида Кумита ба муҳлати 2 сол қарзи бефоиз пешниҳод намуда, ҳамчунин ба соҳибкорзанон мошинҳои дӯзандагӣ тақдим намуд.

Ашӯрматов қайд кард, ки Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ мувофиқи имкон ба ҳамаи осебдидагон аз ин сӯхтор кумак мерасонад.

Қобили зикр аст, ки дар вилояти Суғд 35 марказҳои омӯзишии аз ҷониби ин Кумита бозшуда фаъолият дошта, ҳамасола дар онҳо беш аз 1000 нафар ҷавонон касб меомӯзанд. Дар зарфи 7 соли фаъолияти Кумита дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ беш аз 13 ҳазор нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон соҳиби касб шуда, ҷойҳои кори доимӣ пайдо намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.