Дастури раиси пойтахт оид ба арзон кардани маҳсулоти ниёзи аввалия

Ахири ҳафтаи равон дар мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дастурхони солинавии сокинони шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гашт. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дар иртибот ба ин аз ҷониби раиси шаҳр муқаррар карда шуд, ки аз 21 то 31 декабри […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи равон дар мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дастурхони солинавии сокинони шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гашт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дар иртибот ба ин аз ҷониби раиси шаҳр муқаррар карда шуд, ки аз 21 то 31 декабри соли 2014 ҳамарӯза дар маҷмааи савдои «Пойтахт -90» аз ҳисоби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон», «Қарияи боло» ва бозорҳои хусусии яклухтфурӯшии дар қаламрави шаҳр  фаъолиятдошта ярмаркаи махсулоти ниёзи аввалия бо инобати аз 15 то 30 %  аз нархҳои бозорӣ  арзон ба фурӯш гузоштани маҳсулот доир карда шавад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа қарор гардид, ки дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорони алоҳида низ имкон доранд дар ин сабқати ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дастурхони солинавии сокинон бо пешниҳоди аз 15 то 30 %  аз нархҳои бозорӣ  арзон маҳсулоташонро дар ҳудуди бозорҳои коммуналӣ ба фурӯш гузоранд ва баҳри дастгирии ингуна ташаббусҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, шаҳрдорӣ муқаррар сохт, ки тӯли баргузории ярмаркаҳо ҳар кадоми онҳо аз пардохти ҳаққи иҷора ва чинишҳои яквақтаи бозорӣ озод карда мешаванд.

«Раиси шаҳр ҳамзамон сохторҳои назорати давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятиро  муваззаф кард, ки оид ба ташкилу таъмини ярмаркаҳои зикршуда бо маҳсулоти хушсифат аз ҷониби масъулини вобастагардида назорати ҷамъиятиро роҳандозӣ намоянд», – омадааст дар маълумоти шаҳрдорӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.