ҲАТ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 15 номзад пешбарӣ мекунад

Дар анҷумани рӯзи 18-уми декабри пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) тасмим гирифта шуд, ки ҲАТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 15 нафар номзадҳо ба вакилиро пешбарӣ мекунад. Роҳбари дастгоҳи ҲАТ Муним Абдусамадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар садри рӯйхати ҳизбӣ раиси ҳизб, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон Рустам Латифзода […]

Аваз Юлдошев



Дар анҷумани рӯзи 18-уми декабри пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) тасмим гирифта шуд, ки ҲАТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 15 нафар номзадҳо ба вакилиро пешбарӣ мекунад.

Роҳбари дастгоҳи ҲАТ Муним Абдусамадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар садри рӯйхати ҳизбӣ раиси ҳизб, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон Рустам Латифзода ва дар мақоми дуюм номзади улуми кишоварзӣ, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Мирзоанвар Аҳмедов қарор доранд.

Бино ба гуфти манбаъ, ба рӯйхати ҳизбии ҲАТ ноиби президенти Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон, академик Толиббек Бухориев, муовини директори шуъбаи илмии Донишкадаи иқтисоди аграрии Академияи мазкур, номзади улуми иқтисодӣ Маҳбуба Шоазизова, академики Академияи муҳандисӣ Муним Абдусамадов ва вакили палатаи поёнии парлумон Зайниддин Сафаров шомил гардидаанд.

«Дар рӯйхати ҳибии ҲАТ ҳамчунин доктори улуми кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, номзади улуми филологӣ Зулфия Мирзода, муовини раиси вилояти Суғд Аҳмад Қобилов, муовини раиси ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон Неъматулло Холмуродов, корманди илмии Академияи улуми кишоварзӣ Мавсума Абдуллоева, директори генералии ҶСП «ТГЭС» Нуралӣ Ниёзов, номзади улуми кишоварзӣ Абдукарим Файзуллоев, роҳбари шуъбаи нозироти тухмипарварии вилояти Хатлон Меҳнатулло Сироҷев ва номзади улуми кишовразӣ Абдуласан Мамадасанов низ ҳузур доранд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.