Шуҳрат Қудратов қисман ба гуноҳаш иқрор шуд

Дар мурофиаи судии рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта адвокат Шуҳрат Қудратов қисман ба гуноҳаш иқрор шуд. Дар мурофиаи идомадошта дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ӯ зикр намуд, ки моҳи июли соли 2014 ӯ ба сифати адвокат аз манфиатҳои Амиралӣ Суламаев ҳимоя мекард, ки дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 247 Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) гумонбар […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар мурофиаи судии рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта адвокат Шуҳрат Қудратов қисман ба гуноҳаш иқрор шуд.

Дар

мурофиаи идомадошта

дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ӯ зикр намуд, ки моҳи июли соли 2014 ӯ ба сифати адвокат аз манфиатҳои Амиралӣ Суламаев ҳимоя мекард, ки дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 247 Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) гумонбар дониста мешуд.

«Ман аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтам, бори аввал 1,5 ҳазор доллари ИМА ва боз 1 ҳазор доллари ИМА барои маблағро супурдан ба Бадриддин Қаноатов, директори ширкати «Пайванд», то ки зиёни аз ҷониби Сумалаев расида ба ӯ ҷуброн шавад. Лекин ман пулро барои пора додан ба судя ҷиҳати содир шудани ҳукми эътирофи бегуноҳии Суламаев нагирифтаам», – иброз дошт Қудратов.

Ба гуфтаи судшаванда, аммо санаи 17-уми июл Суламаев ба ӯ изҳор кардааст, ки барои содир шудани ҳукми эътирофи бегуноҳӣ танҳо дар суд маблағи пулиро медиҳад. «Ман маҷбур шудам ба ӯ бигӯям, ки ин пулҳо барои судя аст, вале дар асл ман бояд онро рӯзи 21-уми июл ба ҷабрдида, роҳбари ширкати «Пайванд» медодам, то ки ӯ аз аризаи даъвогии худ нисбати зерҳимояи ман даст кашад ва ман ин ҷо гунаҳкор нестам», – гуфт Қудратов.

Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 

ба суд ирсол шуд.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.