Ба 5 нафар сокинони эҳтиёҷманди Хуҷанд аробачаи маъюбӣ тақдим шуд



Тибқи дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба 5 нафар шахсони эҳтиёҷманди шаҳр аробачаи маюбӣ тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили истиқоматии яке аз ин чунин шахсоне, ки ба аробачаи маюбӣ эҳтиёҷ дошт, Негматҷон Неъматов рафт. Негматҷон Неъматов сокини шаҳри Хуҷанд кӯчаи Стаханов № 10, бинобар сабаби беморӣ таи чанд вақт аст,ки имкони роҳ гаштан надорад.

Пайвандони номбурда ба раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳалли мушкилоти харидории чунин аробача муроҷиат намуда буданд. Раҷаббой Аҳмадзода номбурдаро бо соли нав табрик намуда, аробачаро тӯҳфа намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи соли нав аз ҷониби Мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд зиёда аз 2 ҳазор оилаҳои ниёзманд бо кӯмаки яквақта фаро гирифта шуда, ба онҳо маводи ғизо, кӯмакпулӣ, аробачаи маюбӣ ва тӯҳфаҳои солинавии кӯдакона тақдим карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное