Маркази исломӣ: Террористон муъминро аз ғайримуъмин фарқ намекунанд

Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба нашри навори видео бо даъвати ҳамватанон ҷиҳати барпо кардани ҷиҳод дар ватани худ ба шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиатнома интишор намуд, ки дар он гуфта мешавад, «имрӯзҳо раванду ҳаракатҳои зиёди ифротие арзи ҳастӣ кардаанд, ки дини Исломро барои анҷоми ғаразҳо ва манфиатҳои худ ҳамчун восита қарор додаву дар татбиқи ҳадафҳояшон аз […]

ASIA-Plus



Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба нашри навори видео бо даъвати ҳамватанон ҷиҳати барпо кардани ҷиҳод дар ватани худ ба шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиатнома интишор намуд, ки дар он гуфта мешавад, «имрӯзҳо раванду ҳаракатҳои зиёди ифротие арзи ҳастӣ кардаанд, ки дини Исломро барои анҷоми ғаразҳо ва манфиатҳои худ ҳамчун восита қарор додаву дар татбиқи ҳадафҳояшон аз қишри ҷавони аҳолии мамолики исломӣ истифода мебаранд ва боиси нигаронист, ки аз Тоҷикистон низ кам нестанд ашхосе, ки фирефтаи доми ин ҳалқаҳо шудаву дар кишварҳои Ироқу Сурия ва амсоли он ҳамчун “муҷоҳид” вориди сангарҳо гаштаанд».

«Аз ҷумла, тавре ки аз тариқи воситаҳои ахбори омма хабар дорем, ҳаракати худхондаи “Давлати исломӣ” ҷавонони зиёдеро аз кишварҳои мусулмоннишин ҷалб намуда, ба харобкориҳо ва куштори ҳазорон нафар одамон даст мезанад», – омадааст дар муроҷиатнома.

Зикр мегардад, ки чанде пеш аз тариқи сомонаҳои хабарӣ масъалаи “Дархости иҷозат барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон” интишор шуд, ки он мавриди вокуниши доираи васеи аҳолии мамлакат қарор гирифт ва ҷои таассуф ин аст, ки ин “дархост” аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро Абӯ Умариён хондааст, пешниҳод мегардад.

Ба нақли Радиои “Озодӣ” ҷавони тоҷик, ки ба иқрори худ аз Ироқ сӯҳбат мекунад, мегӯяд, аз Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари давлати худхондаи “Давлати исломӣ” иҷоза пурсидаанд, то барои ҷиҳод дар Тоҷикистон розӣ шавад.

«Дар кишваре, ки зиёда аз 99%-и онро мусулмонон ташкил медиҳанд, чӣ гуна “муҷоҳид”-е  (ва он ҳам ҳамватани мо) метавонад “ҷиҳод” бикунад? “Ҷиҳод” бо кӣ мекунанд?. Ин ҳақро ба онҳо кӣ додааст, ки нисбат ба як кишвари дорои беш аз ҳашт миллион мусулмон ҳукм намоянд?! Агар онҳо аз асли дин огоҳ мебуданд, ҳаргиз ин суханро намегуфтанд!», – таъкид мешавад дар муроҷиатнома.

Гуфта мешавад, «ин террористон муъминро аз ғайри муъмин фарқ намекунанд, зеро мутобиқи таълимоти дини мубини ислом ва аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ нишонаи муъмин он аст, ки бо забон калимаи шаҳодат ронад ва бо қалб онро тасдиқ намояд, яъне, “ҷиҳод”-и эшон дар Тоҷикистон фикри ҷоҳилона ва бемаъност».

«Пас, ин ифротиёни хоин бояд дар тафаккур ва андешаи худ ҷиҳод бикунанд! Дар ҳоле, ки ин гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” худ муҳимтарин аҳкоми шариати исломиро риоя намекунанд, чӣ гуна метавонанд аз боби ҷиҳод ҳарф бизанад?», – зикр мегардад дар муроҷиатнома.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.