Мушоҳидаи тамаркузи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

– Хадамоти махсуси Тоҷикистон дар бораи ҷамъшавии гурӯҳҳои сершумори мусаллаҳ бевосита дар марзҳои худ бо Афғонистон, ки ба ҳукумати расмии Кобул итоат намекунанд, маълумот дар даст дошта, баҳри таҳкими қитъаҳои марз як қатор тадбирҳо андешидад, – хабар додааст ба ТАСС як манбаъ аз Кумитаи давлатии амнияти милии ҷумҳурӣ дар шарҳи маълумоти ВАО-и маҳаллӣ ва хориҷӣ […]

ASIA-Plus



– Хадамоти махсуси Тоҷикистон дар бораи ҷамъшавии гурӯҳҳои сершумори мусаллаҳ бевосита дар марзҳои худ бо Афғонистон, ки ба ҳукумати расмии Кобул итоат намекунанд, маълумот дар даст дошта, баҳри таҳкими қитъаҳои марз як қатор тадбирҳо андешидад, – хабар додааст ба


ТАСС


як манбаъ аз Кумитаи давлатии амнияти милии ҷумҳурӣ дар шарҳи маълумоти ВАО-и маҳаллӣ ва хориҷӣ оид ба вуруди имконпазири гурӯҳи толибони афғонӣ ва дигар гурӯҳҳои тундгарои исломӣ ба қаламрави Тоҷикистон.

«Мо бодиққат вазъ дар марз бо Афғонистон, бахусус дар қитъаҳои самти Бадахшон ва Панҷро пайгирӣ дорем, ки тибқи маълумоти иктишофӣ дар ин ҷо тамаркузи афроди мусаллаҳи узви гурӯҳҳои ифротгаро ва тундгарои «Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва дигар гурӯҳҳои таҳти назорати Кобул қарорнадошта ба мушоҳида мерасад», – иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар ин самт оид ба табодули фаврии маълумот бо ҳамтоён аз Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд.

Ғайр аз ин, намояндаи КДАМ ба ҳодисаҳои ахиран афзудани ҳодисаҳои қочоқи маводи мухаддир ва гаравгонгирии ҳам шаҳрвандони мулкиву ҳам марзбонони тоҷик дар марз бо ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. «Айни замон чор нафар марзбонони мо таҳти асорати ҷангиён қарор доранд ва ҷиҳати озодкунии онҳо гуфтушунидҳо идома доранд», – қайд кардааст номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.