БМТ: Вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ба фориғболӣ имкон намедиҳад



Бонки милии Тоҷикистон (БМТ) дар торнамои расмии худ изҳор мекунад, ки имрӯз вазъ дар иқтисоди ҷаҳонӣ мушкил боқӣ монда, нодида гирифтани он ғайриимкон аст.

«Нархи нафт ва дурнамои мушкили рушди иқтисоди шарикони мо ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 бетаъсир нахоҳанд буд», – чунин мешуморанд дар БМТ.

Дар Бонки миллӣ умедворанд, ки амалисозии лоиҳаҳои ҳукумат бо ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар соли равон ба нигаҳдории суръати рушди солҳои пешин имкон фароҳам меоваранд.

«Ин тадбирҳои наҷотбахш иборатанд аз амалисозии лоиҳаҳои рушди саноат ва бахши кишоварзӣ шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди бозори молия ва пайдарпай роҳандозии сиёсати оқилонаи пуливу қарзӣ ва буҷетӣ аст», – гуфта мешавад дар маълумоти БМТ.

spot_imgspot_img

Популярное