Боздошти 95 узви ҳаракату аҳзоби ифротгаро дар Суғд



Соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 95 узви ҳаракату аҳзоби ифротаро боздошт шуданд.

Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милиса Шариф Назарзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милисаи вилоят 8 гурӯҳи муташаккили террористиву ифротгароро ошкор ва 95 узви ин гурӯҳҳоро дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумор 43 нафар узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 37 нафар – узви гурӯҳи ҷиноятпешаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ», 9 нафар – аъзои гурӯҳи «Ҷундуллоҳ» ва 5 нафар – узви «Ҳизб-ут Таҳрир» мебошанд.

«Ҳамчунин мебояд зикр кард, ки айни замон 102 нафар сокинони вилоят, ки ба узвият дар ҳаракату аҳзоби террористиву ифротгаро гумонбар дониста мешаванд, мавриди ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд», – иброз дошт ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное